Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор!
Яке аз фарзандони фарзонаи Самарқанд, нависандаи хушбаён, тарҷумони моҳир, луғатдони нуктасанҷ устод Ҳасан Ирфон (22.03.1900-17.06.1973) 125 сола шуд. Ин марди пуркору заҳматкаш, хоксору ҳалим тамоми умри бобаракати хешро ба хизмати адабиёт ва матбуоти тоҷик бахшидааст. Вай мисли дигар ҷадидони насли кӯҳансол ҳамқадаму ҳамнафас, ҳамкору ҳамқисмати устод Садриддин Айнӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Абдуқаюм Қурбӣ, Саидризо Ализода, Вадуд Маҳмудӣ, Обид Исматӣ, Тамҳид, Раҳматуллоҳ Исматуллозода ва дигарон шудааст.
ТО НАКӮШӢ, НАБОШАД ЗАФАР!
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор!
Устод Ҳасан Ирфон аввал дар мадраса, сипас дар дасти асосгузори усули нави таълим дар мактабҳои тоинқилобии тоҷик, муаллими пухта ва дилсӯзи миллат Абдуқодир Шакурӣ таълиму тарбият гирифт. Вай аз хурдсолӣ бо хотираи мустаҳкам, рамузфаҳмӣ, қатъият диққати устодонро ба худ кашид. Солҳои таҳсил ва бачагии худро дар китоби тарҷимаиҳолии хеш «Кулбаи косибон» бо маҳорати баланд тасвир кардааст, ки мутолиаи асари мазкур шавқангез мебошад.
Аммо афсӯс, ки ба майдони адабиёт омадани ӯ пурра равшан нест ва комилан омӯхта нашудааст. Сабаб он аст, ки қисми дуюми «Кулбаи косибон» дар нашриёти Тоҷикистон гум шуд ва ё ҳоло дар кадом як гӯшаи анборхонаи он зери чангу хок ва интизори нашр бояд бошад.
Бояд таъкид намуд, ки Ҳасан Ирфон дар 16 солагӣ қиссаи «Робизон Крузо»-и Даниэл Дефоро хонда, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дертар вай бо таъсиру дастгирии устод Садриддин Айнӣ, ки дар шинохтани истеъдоди шогирдон маҳорати баланд дошт ва ҳамеша онҳоро зери қаноту назорат мегирифт, ба чопи тарҷума кӯмак дод. Ҳасан Ирфон аз айёми ҷавонӣ то дами охирини ҳаёти устод ба яке аз шогирдони вафодори вай табдил ёфт. Замоне, ки Ҳасан Ирфон дар рӯзномаи навтаъсиси «Овози тоҷик» ходими адабӣ ва тарҷумон буд, бо салоҳдиди устод Садриддин Айнӣ ҳар ду аз Самарқанд ба шаҳри Тошканд азми сафар кардаанд, ки коғаз оваранд. Раҳматӣ Ҳасан Ирфон дар бораи ин саргузашти аҷиб хотираи шавқангезу хонданибоб навишт, ки як қисми он чоп шуду халос…
Инҷониб саодатманд аз онам, ки ба шарофати шогирдӣ ва ҳамкорӣ аз файзи сӯҳбатҳои дилнишин, насиҳати падарона, хотираҳои шавқангез, маслиҳатҳои муфид, рафтору гуфтори ибратбахш ва хосатан сиру асрори сухандонӣ, қаламзанӣ баҳраманд гардидам, ки то ҳол бо матбуот сару кор дорам.
Гарчанде аз вафоти устоди сахтгиру меҳрубон, дилёбу дарёдил, хушгуфтору хушрафтор, саховатманду хайрандеш, бо фазлу заковат беш аз ним аср сипарӣ гашт, аммо дуои «бад»-и ӯро, яъне «чун ман нависанда шав»-ро ба хотир оварда, бо рӯҳи тоза, табъи болида бо қалами кунди худ сухане бар сухане зам мекунам ва қаноатманд аз он ҳастам, ки чанд роману қисса навиштам.
ВОХӮРИИ ТАҚДИРСОЗ
Ҷавонӣ бар сари кӯч аст, дарёб ин ҷавониро,
Ки кас ҳаргиз намебинад, дубора зиндагиро!
Тирамоҳи соли 1970 баъди бозгашти ман аз адои хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳ барои муборакбодӣ хешу ақрабо, дӯстону ҳамдеҳагон меомаданд. Мо — соҳибони хона меҳмононро дар таги дар пешвоз гирифта, гусел мекардем. Ногоҳ марди ношиноси тахминан 60‑70-сола, ки дар сар тоқии чустӣ, дар тан шиму костюми сиёҳи тозаю озода ва дар даст асо дошт, солорона қадам партофта, ба сӯи ҳавлии мо омад. Намуди зоҳирии ӯ чун шахси бомаданияту донишманд буд.
— Ҳа, нашинохтӣ? — аз ҳайрати ман рамуз гирифта пурсид падарам.
Китф дарҳам кашида, ба маънои инкор сар ҷунбондам.
— Ҳасан Ирфон, — оҳиста пичиррос зад падарам, — дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Адиб, тарҷумон.
Рости гап, тақдир маро то ҳол бо шоиру нависандагон рӯ ба рӯ накарда буд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб ман дасту по хӯрда, ҳатто бо меҳмон вохӯрӣ намуданро фаромӯш кардам.
Меҳмон паси миз нишаста, омин кард ва сипас ба суроғи аскар яъне камина афтод. Тамоми вуҷудамро як ҳисси изтиробомез фаро гирифт, зеро дар назди ман нависандаи тоҷик, тарҷумони маъруф Ҳасан Алихонович Мамадхонов менишаст, ки бо тахаллуси «Ирфон» маълуму машҳур буд. Ба назди ӯ рафта, даст ба сари сина гузошта, дубора салом додам. Меҳмон аз ҷой хеста, самимона дастамро фишурд.
— Боракалло, боракалло, — гӯён ба китфонам навозишкорона тап-тап зада, аз паҳлӯяш ба нишастан ҷой нишон дод.
Ҳасан Ирфон одами хоксор, сӯҳбаторо ва дилкушоду дидадаро будааст. Ман бо диққат ба симои ӯ нигаристам: вай пешонаи фарох, чашмони каме фурӯрафта, бинии теғадор ва рӯи дароз дошт. Лабонаш моили табассум буданд. Бо забони соддаву равони адабӣ, ки лаҳҷаи беолоиши Самарқандро ба ёд меовард, сухан меронд. Гоҳо ҳазлу мутоибаро ба авҷи аълояш мерасонд.
Он рӯз Ҳасан Ирфон дар хонаи мо хеле нишаст. Дигар меҳмонон ҳам аз сӯҳбатҳои мароқангези ӯ дил канда наметавонистанд. Одамон баъзе чизҳоро мепурсиданд, вай бо тамкин, пурраву ҳаматарафа, бо далелҳои раднопазир ва ба ҳама фаҳмо ҷавоб медод.
Пас аз маърака ман ӯро то хонааш ҳамроҳӣ кардам. Маълум шуд, ки вай чанде пеш аз шаҳр, аз хонаи писараш ба хонаи духтараш — Зебо кӯчида омадааст.
Ҳасан Ирфон аз вохӯрии нахустин дар дили ман нисбат ба худ меҳру муҳаббат бедор кард. Ин буд, ки рӯзе хоҳарам Кибриё хабар расонд, ки ӯ дар ҷустуҷӯи котиби шахсӣ аст. Ман, ки ташнаи дидору сӯҳбати Ҳасан Ирфон будам, зуд ба ин кор розӣ шудам.
МАКТАБИ ЭҶОДИИ УСТОД
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Адиб дар хоначае, ки тахминан андозаи се бар чор метр дошту таги дарвоза, дар шафати ошхона воқеъ буд, зиндагӣ мекард. Ҷиҳози хона ҳамагӣ аз як кат, мизи корӣ ва ду-се курсӣ иборат буд. Дар болои кати хоб сурати марди бадқавоқу туршрӯ, ки дар болои асп нишаста, хашмгинона лаҷоми онро мекашид, овезон буд. Аз нигоҳи тунду тез ва бадҷаҳлонааш дили кас ба ҳарос меафтод.
— Ҳа, шумо ҳам тарсидед? — аз таваҷҷӯҳи ман ба расм пай бурда, бо табассум пурсид вай. — Дар ҳаёт ҳамин хел одамон мешаванд. Ӯ падари ман аст. Боре аз хамгашти кӯча мегузаштааст, ки бо зани ҳомила рӯ ба рӯ омадааст. Падарам чунон як нигоҳ мекунад, ки занро ҳамон лаҳза дард мегирад. Ман ин воқеаро дар повести «Ду ёр аз ду диёр» тасвир кардаам.
Вай хандид, табассумаш ширину дилчасп буд.
Он рӯз маро бо тарзи кор шинос кард.
— Агар бо ман кор карданӣ бошед, — ниҳоят гуфт вай, — аз гапу рафторам наранҷед. Синни ман ба ҷое расидаасту асабҳоям хеле суст шудаанд. Баъзан гапи пасту баланд занам, қаҳратон наояд. Агар мани пирамардро азоб надода, гуфтаамро иҷро кунед, савоба мегиред. То шумо як ҷавон омад, пояш бадбӯ будааст. Чанд ҷуфт пайпоқ – ҷуроб харида додам. Хафа шуда гурехта рафт…
Рӯзи дигар ба кор шурӯъ кардем. Вазифаи котиб аз хондани матни русӣ иборат буд. Вай бодиққат ба хониши ман гӯш медоду сипас ба тоҷикӣ мегардонд ва бо овози баланд ҷумларо мегуфт. Баъди навишта шудан, ман ҷумларо мехондам. Ӯ мешуниду боз таҳрир мекард. Ба ҷои як калима калимаи дигар меёфт. Кӯшиш мекард, ки ҷумлаҳо мисли оби равон хонда шаванд, забон дар ягон ҷои матн «дакка» нахӯрад.
Ин кор хеле заҳматталаб буд. Тааҷҷубовар, вале ҳақиқат, бо вуҷуди пирӣ заррае ба худ ва кори тарҷумонӣ саҳлнигорӣ намекард, дар назди адабиёт масъулият дошт.
Солҳои 70‑ум Ҳасан Ирфон асари сегонаи М.Горкийро аз сари нав ба чоп омода месохт. Ин асарҳо соли 1933 ба тоҷикӣ тарҷума шуда буданд. Аз байн қариб 40 сол сипарӣ шуд ва он ба таҳрири нав эҳтиёҷ дошт. Дар Душанбе кадоме аз кормандони нашриёт хостааст, ки ин корро ба сомон расонад, аммо аз ӯҳдааш набаромадааст ва маъмурият маҷбур шудааст, ки барои иҷрои ин вазифаи бомасъулият ба худи тарҷумон дубора муроҷиат кунад.
Он солҳо дар рӯи мизи кории мо асар ба ҳар ду забон — русӣ ва тоҷикӣ меистод. Луғати русӣ‑тоҷикӣ, фарҳанги забони тоҷикӣ, луғати тафсирии чорҷилдаи Ожегов, Дал, Борхударов, қомусҳои зиёди соҳавӣ ва ғайра дар ихтиёри ман буданд. Ҳасан Ирфон аҳён-аҳён аз онҳо истифода мебурд. Ҳофизаи қавӣ дошт. Аксари калима, ибораҳои душвор ва ҳатто мақолҳоро бе ёрии фарҳанг тарҷума мекард. Ҷумлаҳои М.Горкий мураккаб, пурмаъно буданд, адиб услуби хоси навиштро дошт. Ҳасан Ирфон аз онҳо завқ бурда, кӯшиш менамуд, ки тарҷумаи тоҷикӣ монанди он шавад.
Баъзан аз луғати русӣ‑тоҷикӣ калимаҳои даркориро намеёфтем ё ки дар тарҷумаи калимаҳо роҳ ёфтани ғалатҳо ва нодуруст маънидод кардани калимаро дида, ҳайрон мешудем. Дар луғате, ки устод дошт, маънои дурусти даҳҳо, садҳо калима қайд шуда буд.
Бидуни муболиға, мутарҷим дар луғат ҷойи қариб тамоми калимаҳоро медонист ва чӣ тавр тарҷума шудани онҳоро пешакӣ мегуфт. Нодуруст талқин ёфтани ин ё он калимаро дида, хеле асабӣ мешуд. Ин буд, ки гоҳо барои саҳеҳ фаҳмидани мазмуни ин ё он калима даҳҳо китобро варақ мезадем. Агар вай мувофиқи мақсад нашавад, ҳамроҳ ё ки худ ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд рафта, аз муаллимон пурсуҷӯ менамуд.
— Бачаҷони бобо, — мегуфт вай. — Агар мо ба кори тарҷумонӣ эҷодкорона рафтор накунем, он ба шири қаймоқаш гирифта монанд мешавад. Хонандаи закӣ тарҷумонро лаънат мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд матнро тавре аз русӣ ба тоҷикӣ гардонем, ки хонанда онро ҳамчун китобе, ки ба забони тоҷикӣ эҷод шудааст, қабул намояд. Чанде пеш аз нависандаи қазоқ Собит Муқанов нома гирифтам. Вай барои тарҷумаи китобаш, ки «Мактаби ҳаёт» ном дорад, сипосгузорӣ карда, ба кори хоксоронаи камина баҳои баланд додааст. Ман инро барои таърифи худ намегӯям. Охир, забони тоҷикии мо яке аз забонҳои қадима, ғанӣ, ширину гӯшнавози дунёст. Агар мо соҳиби ҳамин гуна сарвати бебаҳо бошему боз китобҳоро хом тарҷума кунем, пас мо кӣ ҳастем? Ин гуноҳи моро хонандаи тоҷик ҳаргиз намебахшад.
ҲУНАР АЗ ДОНИШ, ДОНИШ АЗ ХОНИШ
Тан ба дуди чароғу бехобӣ
Наниҳодӣ, ҳунар куҷо ёбӣ?
Кадоме гуфта будааст, ки тарҷумон аз нависанда фақат бо номаш фарқ мекунад. Шояд ин маънои онро дорад, ки тарҷумон бояд истеъдоди нависандагӣ дошта бошад.
Шодравон Ҳасан Ирфон кӯшиш ба харҷ медод, ки мухлиси каломи бадеъ тарҷумаро чун асари ба тоҷикӣ иншошуда хонад ва ғизои маънавӣ гирад. Ба дараҷаи кофӣ донистани ҳар ду забон, роҳ надодан ба шитобкорӣ, аҳамият додан ба нозукиҳои услуби адиб, мазмуну мундариҷаи калимаро ёфтан хислати табиии ӯ буд, ки тарҷума чун асари аслӣ, ки гӯё ба тоҷикӣ навишта шудааст, мутолиа карда мешуд.
Маълум аст, ки забони русӣ, чун тоҷикӣ қонуну қоида, воситаҳои ифода дорад. Бинобар ҳамин мутарҷим қабл аз ҳама ба ҳар як ифодаи асар калимаи ҳаммаъно ва мувофиқро дар забони тоҷикӣ пайдо карда метавонист. Ёд дорам, устод дар болои ҷумлаи «он как белая ворона» фикр мекард, ки ман донотарошӣ карда гуфтам: «ӯ чун аккаи сафед».
Устод завқ карда хандид ва ибораи олиҷаноби тоҷикиро барои навиштан ҳиҷҷа намуд: «Вай мисли аспи қашқа»…
— О, писарҷон, — таъкид намуд ӯ, — тарҷумаи бадеӣ чун яке аз шаклҳои санъати адабӣ кори эҷодӣ аст. Ана барои чӣ ибора ва тасвирҳои ҳамвазну ҳаммаъно ёфтан лозим.
Ба туфайли санъати баланди тарҷумонии Ҳасан Ирфон сегонаи Максим Горкий «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Дорулфунунҳои ман», «Чӣ бояд кард?»-и Н.Чернишевский, «Ситораҳо дар осмони Самарқанд»-и С.Бородин, «Мактаби ҳаёт»-и Собит Муқанов, «Бачаҳои капитан Грант»-и Жюл Верн, «Спартак»-и Р.Жовалоннӣ ва даҳҳо намунаҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонӣ пешкаш карда шуд.
Воқеан, мо ҳамеша бо тарҷума банд набудем. Баъзан ғарқи сӯҳбати ширин шавем, тарҷума як сӯ мемонд. Ӯ зимни кор аз ҳаёти талхи худ лавҳаҳои аҷоибу ғароибро нақл мекард. Зиндагии ӯ мисли қаҳрамонони асарҳои «Модар», «Дар байни мардум»-и М.Горкий вазнину тоқатфарсо гузаштааст. Онро ҳангоми мутолиа аз китоби худи ӯ «Дар кулбаи косибон» низ фаҳмидан мумкин аст.
Аввалҳо ӯ дар бораи вазъияти сиёсии мамлакат эҳтиёткорона сухан меронд. Вақте ки ӯ радиои Лондонро мешунавид, ҳаракат мекард, ки мо аз он воқиф нагардем. Ин кор дер тӯл накашид. Вақтҳои охир мо ҳамчун бобову набера бо ҳам наздик шуда будем. Гоҳо рози дилашро ба ман мегуфт. Баъзан моро ба шунидани бахши форсии радиои хориҷӣ таклиф менамуд. Чизеро, ки гӯянда мехонду мо намефаҳмидем, маънидод мекард. Он солҳо дар олами адабиёт номи адиби рус Александр Солженитсин вирди забон буд. Ин нависандаи маъруфро барои чанд асараш аз Ватан пеш карда буданд.
Ҳамон солҳо маҳз аз Ҳасан Ирфон дар бораи адибони ҳақгӯй ва ҳақнавис чун Солженитсин, Борис Постернак, Фитрат, Усмон Носир, Абдулло Қодирӣ шунида будем, ки акнун дар бораи онҳо матбуоти даврӣ бисёр менависад.
Баъзе лаҳзаҳои айёми бачагӣ, саводомӯзӣ ва фаъолияти меҳнатии ӯ дар китоби «Ду ёр аз ду диёр» ва «Дар кулбаи косибон» бо маҳорати баланд тасвир ёфтаанд. Вале бисёр саҳифаҳои ҳаёти ӯ нонавишта монд. Вай қисмати дуюми романи худро навиштан мехост. Аз он бо хотири мушавваш баъзе пораҳоро ба мо нақл менамуд.
Солҳои 1937-1938 дар Самарқанд беасосу бегуноҳ шахсони бомаърифату фозилро ба ҳабс мегирифтанд. Ҳасан Ирфон низ аз он таъқибҳо эмин намонд. Боре нисфи шаб дари ҳавлии вай тақ-тақ шуд.
— Кӣ? — пурсид соҳибхона.
— Ман, — овоз дод касе, — аз милисахона ҳастам, ба шумо кор дорам.
— Пагоҳӣ биёед, — гуфт Ҳасан Ирфон.
— Не, ҳозир ба шумо гапи зарур дорем, — қатъӣ талаб намуд нозири милитсия. – Як дақиқа вақтатонро мегирем.
Соҳибхона ноилоҷ дарро кушод. Чор кас якбора ба ӯ дарафтода, дасташро ба ақиб тоб дода бастанд ва ба фойтун шинонда сӯи НКВД бурданд.
— Барои чӣ маро ба ин ҷо овардед? – бо хашму ғазаб пурсид вай.
— Гӯё худат намедонӣ, — писханд зад марди рус, ки вазифаи муфаттиширо ба ӯҳда дошт. — Агар ба гуноҳат иқрор шавӣ, ҳозир ҷавоб медиҳем.
— Ба кадом гуноҳам иқрор шавам? — ҳайрон шуд ӯ.
— Ба марди бомаърифату фозил монанд ҳастию боз худро ба гӯлӣ мезанӣ? – муфаттиш гӯё мазоҳ мекарда бошад, даҳонашро инҷ намуд. – Биё, ба мақсад гузарему якдигарро азоб надиҳем.
Ҳасан Ирфон бо тааҷҷуб ба муфаттиш чашм дӯхт. Вай ба ин марди барзангӣ, ки қиёфаи маккоронае дошт, чӣ гуфтанашро намедонист.
— Бародар гап ҳамин, — ниҳоят ба мақсад гузашт муфаттиш. – Ту кай боз ба Эрон маълумот мефиристӣ? Дар корҳои ҷосусӣ ба ту боз киҳо кӯмак мекунанд?
— Чӣ? – аз ҳайрат дасту по гум кард Ҳасан Ирфон. – Ман ҷосуси Эрон ҳастам?! Аз тӯҳмат кардан наметарсед?
Пурсишу истинтоқ қариб 8 соат идома ёфт. Ҳамин, ки муфаттиш «маълумот»-ҳои дилхоҳашро гирифта натавонист, ӯро ба утоқи хурдакаке, ки ҳатто илоҷи нишастан набуд, ҳабс карданд. Ин гуна пурсуҷӯ 16 шабонарӯз давом кард. Ҳамин, ки Ҳасан Ирфон аз ҳол рафта меафтид, бо занҷир ё қундоқи милтиқ зада, боз ба по рост мекарданд. Муфаттишон ҷон меканданд, ки ягон гуноҳеро ба ӯ часпонда, маҳбус созанд.
— Бо Садриддин Айнӣ чаро ба Тошканд рафтӣ? – ниҳоят пурсид муфаттиш.
— Барои коғаз рафта будем.
Он солҳо барои нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» дар матбааи Самарқанд коғаз набуд.
— Чаро дар роҳ бо вакилони Афғонистон ҳамсӯҳбат шудӣ?
— Аввал ин, ки поезд дар роҳ монд, — ба фаҳмондан пардохт Ҳасан Ирфон. – Дуввум ин, ки сафири Афғонистон устодро мешинохтааст…
— Садриддин Айнӣ ҳам бо Эрон ҳамкорӣ мекунад? – пурсишро давом дод муфаттиш.
— Инро аз худи ӯ пурсед, — қаҳраш омада гуфт Ҳасан Ирфон.
Ӯро 2 солу 8 моҳ дар ҳабсхона нигоҳ доштанд. Хеле ҳаракат карданд, ки «ҷосусияш»-ро ба гардан гирад, лекин ба вай часпондани ин тӯҳмат муяссарашон нашуд.
Вай дар маҳбас аз олами берун хабаре надошт. Аҳли оилааш хӯрок оранд ҳам, аммо насибаш намегашт. Дар як ҳуҷраи хурдакак то 30 касро нигоҳ медоштанд. Ҳасан Ирфон бо ақлу заковат, донишмандӣ, дар байни маҳбусон эҳтиром пайдо кард. Аз вай баъзеҳо тадбири хоб мепурсиданд, маслиҳат мегирифтанд, гуфтаҳои ӯро иҷро менамуданд. Ихлоси дигарон ба ӯ меафзуд. Аҷибаш дар он буд, ки мусулмонон ӯро «эшон-бобо» гӯён ном баранд, русҳо «дед» гуфта, муроҷиат мекарданд…
Ӯро ба Русия, ба Екатерина-ҳабсхонаи машҳури Владимир фиристоданд. Дар он ҷо маҳбусонро ба дарахтафтонӣ маҷбур мекарданд. Чашмони ӯ хира медиданд ва чанд маротиба болои пояш чӯб афтид. Маҳбусон донишмандӣ, равшанфикрӣ ва дурандешии ӯро пай бурда, аз корҳои вазнин озод намуданд. Бар ивазаш хоҳиш мекарданд, ки чой ҷӯшонда, ҳикояҳои аҷиб гӯяд. Дар бадали чанд моҳ ба онҳо ҳар рӯз як ҳикояи таъсирбахш мегуфт, ки сомеъон бо диққати том гӯш мекарданд…
… Ниҳоят бегуноҳии ӯ тасдиқ шуд, аз ҳабс озод карданд. Мутаассифона, падарарӯсаш маърифатпарвари машҳур, аввалин муҳаррири маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб», нависанда ва тарҷумон Саидризо Ализода аз шиканҷаҳо дар ҳамин ҳабсхонаи Владимир аз олам даргузашт.
Ҳасан Ирфон дар бораи азиятҳои худ 18 саҳифа шикоят навишта, ба назди роҳбарони шӯъбаи амнияти давлатии шаҳри Самарқанд бурд. Шахсе, ки Ҳасан Ирфонро қабул кард, баъди мутолиа аз ҷой хеста, самимона ба оғӯш кашид, дилбардорӣ надиҳад, мумкин аҳволаш боз ҳам бад мешуд. «Ман ҳамчун инсон шуморо мефаҳмам, — изҳори ақида намуд он шахс, — худатон замонаро аз ман беҳтар мефаҳмед…»
Ҳасан Ирфон аз ҳаёти талхи худ бо таассуф нақл менамуд ва гоҳо ба андеша мерафт. Ба назар чунин мерасид, ки устод беихтиёр он рӯзҳои вазнинро пеши назар оварда, бадтар оташ мегирифт…
Мо бештар ду кас кор мекардем. Агар ман то пешин бо Ҳасан Ирфон ҳамроҳ бошам, баъди пешин шарикам меомад. Баъзан хоҳарам Кибриё низ ёрӣ медод.
— Саргузаштатонро нависед, — боре таклиф намудам ба ӯ. — Китоби зӯр мешавад.
— Кӣ чоп мекунад, бачаҷон? — дар лабони вай тамасхуре намудор шуд. — Барои нашри романи «Дар кулбаи косибон» чӣ қадар хуни ҷигар хӯрдам, танҳо ба парвардигор маълум асту ба худам…
Нигоҳи ҳамсӯҳбати ман ба нуқтаи номаълум дӯхта шуд.
— Шери бобош, — бо таассуф фикри хешро идома дод Ҳасан Ирфон, — агар кас беадолатиҳоро мушоҳида кунад, аз сараш гузаронад, аз навис-навис ҳам дилаш хунук мешавад. Охир саҳифаро сиёҳ намудан худ аз худ намешавад.
Ҳар ки сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.
«Ба қадри зар заргар мерасад», — гуфтагӣ гапҳо ҳаст. Агар ту ҳам қалам ба даст гирифта, ба иншои чизе шурӯъ намоӣ, пас ба мазмуни ин байт сарфаҳм меравӣ…
ДУОЯШ ВОҶИБ ШУД
Ҳасан Ирфон марди хайрхоҳу нексиришт ва интизомдӯсту интизомталаб буд. Вай ҳар корро пухта ва аз таҳти дил иҷро мекард. Ҳеҷ гоҳ ба касе гапи сахту дурушт намегуфт. Агар асабонӣ шавад, «хонахамир» ё «хонаат пури гандум шавад» гуфта, дуои «бад» мекард. Маданияти баланд, вусъати доираи дониш, ҷаҳонбинӣ, муносибати хеле зарифона ва бо назокати ӯ касро мафтун месохт.
Ҳасан Ирфон бо бисёр адибони шинохта мукотиба дошт. Арафаи ид даҳҳо табрикномаҳо менавишту аммо аҳён-аҳён ҷавоб мегирифт. Ман, ки баъзан матни онҳоро менавиштам, аз ин беэътиборӣ ба ғазаб омада, эътироз баён менамудам.
— Ҳой, хонетона гандум зер кунад, — мегуфт вай. — Наход нафаҳмӣ, ки ман одами оддӣ ҳастам. Боз мансаби калон надорам. Охир, ҳамчун инсон бояд дигаронро табрик созам ё не?
— Салом ҳам, алейк ҳам қарз, — фаҳмонданӣ шудам ман. — Синну соли шумо ҳам ба ҷое расидааст, чанд китобҳоятон чоп шудагӣ.
— Ҳой, хонахамир, — бо як оҳанги мазаммату навозиш боз ба фаҳмондан шурӯъ менамуд вай. — Чаро ту маро ин қадар болобардор мекунӣ? Ман мисли ту як одами оддӣ.
Устод чанд лаҳза хомӯш сукут варзид. Шояд он айём гирдоби хаёлот ӯро ба куҷое бурд, ки нобаҳангом сар бардошт ва маҳзун гуфт:
— Илоҳо, мисли ман нависанда шав, китобҳоят чоп шаваду лекин чун ман дар 70 солагӣ танҳо, ғариб намон. Кору борат фақат навис-навис гардаду ин гапҳои маро ба ёд ор…
Қисмати аҷиб. Ҳоло ҳар гоҳ қалам ба даст гирам, дуои «бад»-и ӯро ба хотир меорам. Аз он хушҳол ҳастам, ки дар тарбияи чунин инсони донишманд, ҷонсӯзи адабиёт, ҷафокаши замони ҷаҳолату истибдод, камбизоат, вале ҳимматбаланд, сухандону сухансанҷ, дилёбу дарёдил, худотарсу савобталаб, хуллас, соҳиби бисёр хислатҳои неки инсонӣ будам.
Барои худситоӣ не, дар омади гап таъкид кардан лозим, ки мо, чанд нафар шогирдон барои поси хотири ӯ кӯшиш ба харҷ дода, дар гузари Чорраҳаи Самарқанд, дар назди ҳавлиаш лавҳаи ёдгорӣ гузоштем. Ҳар сол рӯзи 20-уми июн ба қабристони Шоҳи Зинда меравем ва ояте аз Қуръони Карим тиловат карда, ба рӯҳи покаш мебахшем. Зеро ӯ соли 1973 дар ҳамин ҷо манзили охират гирифта буд.
Умедворӣ дорем, ки китоби шавқангези ӯ – «Дар кулбаи косибон» боз нашр шуда, мухлисони каломи бадеъро хурсанд мекунад. Асари мазкур таърихи аввали асри 20-уми Самарқанд аст. Оре,
Зи ҳар кас, ки номе дар айём монд,
Чи ғам гар бимирад, к-аз ӯ ном монд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон
