Ovozi.uz

Дар Самарқанд бори аввал Форуми иқлим баргузор мегардад

Имрӯзҳо чашми ҷаҳониён боз ба Самарқанд нигаронида шудааст. Дар шаҳри бостонӣ, ки дарвозаи Шарқ маҳсуб мегардад, нахустин саммити «Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо» ва Форуми иқлим баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ иштироки роҳбарони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, СММ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва созмонҳои бонуфузи ҳифзи экология, ҳайатҳои беш аз 80 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Ин садоқати муштаракро барои трансформатсияи «сабз» ва рушди устувори минтақа тасдиқ мекунад.

Бояд гуфт, ки Ассамблеяи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ӯзбекистон қатъномаи «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти экологӣ: таҳкими ваҳдати минтақавӣ дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ»-ро якдилона қабул кардааст. Дар он як қатор ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон, аз ҷумла барномаи «сабз» барои Осиёи Марказӣ ва нақши он дар дастгирии рушди устувор дар минтақа алоҳида зикр гардида, инчунин ташаббуси баргузории Форуми байналмилалии иқлим дар Самарқанд дастгирӣ гардида буд.

Анҷуман таҳти унвони «Осиёи Марказӣ рӯбарӯ бо мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» ба як платформаи сатҳи баланд барои мусоидат ба муколама оид ба устувории экологӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва устувории иқлим табдил хоҳад ёфт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст. Форуми иқлим панелҳои коршиносон, сессияҳои муштарак ва муколамаҳои сиёсиро дар самтҳои асосӣ, аз қабили рушди энергияи барқароршаванда, идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об, ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди устувори шаҳрҳо пешниҳод мекунад.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ муаррифии ҳуҷҷати ҷамъбастии Форуми Самарқанд — Консепсияи рушди минтақавии «сабз» ба нақша гирифта шудааст, ки барои ташаккули дидгоҳи ягонаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим замина мегузорад. Дар он равишҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳалли мушкилоти экологии минтақа тавсиф шудааст.

Бо мақсади дар Самарқанд ба дараҷаи баланд гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ, инчунин барои таъмини бехатарӣ рӯзҳои 1–5‑уми апрел дар шаҳри Самарқанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт кам ва маҳдуд карда, дар ҳафт муассисаи таълими олӣ, ҳамчунин чаҳор литсейи академӣ ва техникумҳо таътили кӯтоҳмуддат эълон карда шуд.

УзА.