Фарзандони фарзонаи Самарқанд
Ҳофизи маъруфи самарқандӣ, донишманди баркамоли «Шашмақом», созанда ва бастакор Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов бо овози сеҳрангез ва сурудҳои нотакрори худ дар олами санъат нақши ҷовидонӣ гузоштааст.
Шогирди устод Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов — академик Юнус Раҷабӣ ба муаллими худ чунин баҳо додааст:
— Барои ба эҷоди устод баҳо додан танҳо гуфтани сухани «ҳофиз» кифоя намекунад…
Метавонем бемалол гӯем, ки ӯ аз охири асри гузашта ва то солҳои сиюми асри ХХ пешсафтарин оҳангсоз ва бастакор буд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов соли 1952 дар гузари Масҷиди Кабуд (Кӯк масжид)-и шаҳри Самарқанд дар оилаи косиби ҳунарманд Абдурасулака таваллуд шудааст. Падараш Абдурасулака аслан аз минтақаи Қаротегини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Самарқанд бо бародараш барои кор меояд. Ҳангоми мардикорӣ дар ин шаҳр дар хонаи косибе кор мекунад. Ба косиб ҷавони қаротегинӣ маъқул мешавад ва ӯро ба шогирдӣ мегирад. Бо гузашти вақт косиб духтараш Марямро ба Абдурасулака дода, ӯро хонадомод мекунад. Абдулазиз фарзанди онҳо аст.
Падари ҳофиз ҳавасманди мусиқӣ буда, сурудҳои халқии тоҷикӣ ва ӯзбекиро замзама мекард. Абдулазизи ҷавон сабақҳои аввалини мусиқии худро дар оғӯши сурудҳое, ки падараш иҷро мекард, ташаккул дод ва дар ӯ иштиёқи калон ба мусиқӣ сол аз сол афзуд.
Абдурасулбобо барои ояндаи писараш ҳеҷ чизро дареғ намедошт. Вай аввал писарашро дар 6–7 солагӣ ба мактаби ҳамонзамонаи ибтидоӣ дод. Азбаски зеҳни ӯ тез буд, дар тӯли чор сол китобҳои дарсии мактабро азхуд намуд. Сипас, писари Абдурасулбобо таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Самарқанд идома дод. Вай аз 7–8 солагӣ азёд кардани ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Бедилро оғоз намуд.
Вақте ки Абдулазиз 15–16 сола буд, вазъи моддии хонадони ӯ вазнин шуд. Падараш ба аҳволи ночор монд. Сурудҳои халқии дар ҳамон солҳо хондаи падараш ба дили ӯ таъсири амиқ гузоштанд. Падараш ба вай дар чунин рӯзҳои душвор насиҳат кард:
— Писарам, ман санъаткор нестам ва иҷрои сурудҳоро аз ҷону дил дӯст медорам. Бисёр санъаткоронро дидам ва шунидаам, дар давраҳо бо онҳо нишастаам. Аксарияти бой ва амалдорҳо ба қадри санъат расида наметавонанд, ҳатто аз беписанд кардани санъаткорон рӯй намегардонанд, чунки онҳо аз санъат баҳра гирифта наметавонанд, санъаткоронро барои обрӯ гирифтани худ ба тӯю маъракаҳо даъват мекунанд. Агар санъаткори хуб шудан хоҳӣ, аз устодон таълим гир, бари домани онҳоро сахт дор, онҳоро иззату ҳурмат намо, ҳатто пир шаванд ҳам, ба онҳо ёрӣ расон… Паҳлӯҳои мураккаби ба худ хоси санъат бисёр аст. Он дониш, дили бузург, ҳисси нозукро талаб мекунад, айёриро бад мебинад, зуд ба қуллаҳои баланд мебардорад, агар аз санъат танҳо барои ёфтани пул истифода барӣ, худро баланд дошта, мағрур шавӣ, аксариятро назару писанд накунӣ, аз нав ба замин мезанад. Одобу ахлоқи боқимондаро худат оҳиста-оҳиста дарк мекунӣ, чунки ҳаёти ту акнун оғоз меёбад…
Абдулазиз сабақҳои нозук ва ҷиддии илми мусиқиро аз сурнайчии дар ҳамон замон машҳур Мирзо Меҳтар гирифт. Аз созанда Ҳоҷӣ Раҳмонқул навохтани танбӯрро омӯхт. Аз Борухи Калхот Сирҳои сурудхониро ёд гирифт. Ин устодон Абдулазизро бо олами «Шашмақом» шинос карданд ва дар ин роҳ хизмат ва маслиҳати худро дареғ надоштанд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ду маротиба дар сафари ҳаҷ шудааст. Пас аз сафари аввали ҳаҷ вай бо мақсади мукаммал омӯхтани «Шашмақом» дар Бухоро ба донишманди «Шашмақом» Ота Ҷалол Носиров шогирд шуда, «Шашмақом»-ро пурра ва пухта омӯхт. Дар пардаҳои баланд иҷрои суруд ва навоҳои ба аксарият маъқули «Шашмақом»-ро худ оғоз кард.
Дар сурудҳои «Ироқӣ», «Чапандози Ироқ», «Насруллоӣ», «Мустазод» оҳангҳои нав ва ҷозибаи ба худ хос дохил кард. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ба анъанаҳои иҷрои «Шашмақом» навгониҳо дохил намуд.
Дар Бухоро ва Самарқанд ба қисми суруди «Шашмақом» аз рӯи анъана сози танбӯр ҷӯр мешавад, вале устод бо дутори худ, ки маҳорати ба худ хос ва зӯри навохтани онро дошт, ҷӯр мешуд ва бо дутори дӯстдоштаи худ ба паҳн шудани намунаҳои аҷоиби мақом ҳиссаи худро гузошт. Дар ин даврҳо санъати Ҳоҷӣ Абдулазиз хеле инкишоф ёфт ва эътибори созандаҳои маъруфи халқро ба худ кашид. Дар ин солҳо вай бо сарояндагони мардумӣ Домулло Ҳалим Ибодов, Леви Бобохонов, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов шинос шуд.
Дар соли 1924 Ҳоҷӣ Абдулазиз дар омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд гурӯҳи консертии ҷавононро ташкил карда, бо он дар диёрамон сафарҳои ҳунарӣ ташкил намуд. Ҳамин тавр, ба дастаи вай сарояндагони боистеъдод чун Шариф Акрамов, Қорӣ Сироҷ Юсупов ҳамроҳ шуданд.
Яке аз шогирдони Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳофиз ва созандаи шинохта, бастакор, академик Юнус Раҷабӣ устоди худро ҷунин ба ёд меорад:
«Вақте ки мо дар Самарқанд будем, дар хонадони Ҳоҷӣ-ака (Ҳоҷӣ Абдулазиз) ҳамроҳи бародарам Рисқӣ Раҷабов ҳамкасби ғиҷҷакнавози мо Имомҷон Икромов ва созандагони иҷрочии дигар зиндагӣ намуда, таҳсил гирифтем. Агар баъзан шабҳо сурудҳои ба дилам нишастаи устодро сароям ва дар ягон ҷояш иштибоҳ кунам, Ҳоҷӣ-ака аз ҷогаҳашон сӯи ман нигариста, «Ҳой, Юнусбой, ин хел не, мана ин хел сароед», — гӯён худашон хонда, маро ислоҳ мекарданд».
Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов санъаткори беназири дараҷаи баланд буд. Ӯ дар пардаҳои баланд суруд хонда, овозашро якбора, ҳатто ба якуним, баъзан ба ду октава паст мекард ва боз устокорона ба пардаи баланд бардошта метавонист. На ҳар ҳофизи усто аз ӯҳдаи чунин бомаҳорат суруд хондан мебарояд.
Соли 1933 дар Тошканд анҷумани якуми санъаткорон баргузор гардид. Ба он Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро низ даъват намуданд. Дар консерте, ки ба муносибати анҷуман баргузор шуд, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Домулло Ҳалим Ибодов, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов, Мадюсуф Харратов ва Юнус Раҷабӣ якҷоя суруди «Ушшоқ»-ро хонданд ва сазовори кафкӯбиҳои бардавоми шунавандагон шуданд.
Ҳамон сол ҳофизи маъруф 80‑сола буд. Пас аз анҷуман ба Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ва Домулло Ҳалим Ибодов унвони баланди «Ҳофизи халқии Ӯзбекистон»-ро доданд.
Ҳофиз ва санъаткори бузург Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов 9‑уми январи соли 1936 аз олам чашм пӯшид.
Абдураҳмон МУРОДОВ,
роҳбари хона-музейи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов.
