Сарвари садорати ҳудудии корҳои архиви вилояти Самарқанд Абдувалӣ Маманазаров дар анҷумани матбуотии ин садорат қайд кард, ки ба сохтори архиви вилоят дар айни ҳол 7 архиви давлатӣ, 1 филиал ва 12 архиви давлатии ҳуҷҷатҳои таркиби шахсӣ фаъолият мебаранд ва ба мардум хизмат мерасонанд.
Садорати архиви вилоят ва муассисаҳои таркиби он нақшаи рушди кори архивро дар нимсолаи якуми соли 2025 аз рӯи 14 нишондиҳанда (аз рӯи 11-тоаш барзиёд) иҷро кардаанд. Аз ҷумла, 8365 варақ ҳуҷҷатҳои коғазӣ таъмир ва 4921 воҳиди нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ҷилд ва муқовабандӣ карда шудаанд. Инчунин, корҳои зиёди аниқ кардани ҳуҷҷатҳои алоҳидаи муҳим иҷро гардидаанд. Корҳо барои тайёр кардани нусхаҳои электронии ҳуҷҷатҳои коғазии архивҳо босуръат идома доранд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 6 фонд, 226 рўйхат, 16681 адад воҳиди нигаҳдорӣ ва 27665 ҳуҷҷат ба системаи «Таъмини истифодабарӣ ва нигаҳдории ягонаи ҳуҷҷатҳои ба формати рақамӣ гузаронидашавандаи архивҳои давлатӣ» ҷойгир карда шудаанд ва корҳои рақамигардонӣ давом меёбанд.
Дар рафти анҷуман маълум гардид, ки архиви давлатӣ бо муассисаҳои архивии дигар давлатҳо низ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои архиви вилоят бо ҳамкасбони тотористонӣ ва озарбойҷонӣ густариш меёбанд. Аз рӯи сурату ҳуҷҷатҳои бойгонӣ китоби «Ҳиссагузории халқи Ӯзбекистон дар ғалаба аз болои фашизм» ва «Робитаҳои Ӯзбекистон — Озарбойҷон» (дар сурату ҳуҷҷатҳо) ба табъ расонида шудаанд.
Дар охири анҷуман саволу ҷавоб баргузор гардид. Аз ҷумла, ба саволи мухбири рӯзномаи «Овози Самарқанд» роҷеъ ба қабули расму ҳуҷҷатҳои шахсони маъруф ва асарҳои эҷодкорон Абдувалӣ Маманазаров чунин посух дод:
— Ҳоло дар архивҳои мо сурату ҳуҷҷат ва асарҳои беш аз 50 нафар сокинони вилоят қабул карда шудаанд. Онҳо фондҳои шахсии архив ба ҳисоб мераванд ва мо тарафдори бойгардонии ин гуна фондҳо мебошем. Масалан, дар нимсолаи аввали соли равон ҳам ҳуҷҷатҳои 19 нафар қабул карда шуданд. Барои ин ҳеч гуна талабу дархост вуҷуд надорад ва ҳар кас метавонад ин корро кунад. Қабули онҳо ба бойгонии архивҳои давлатӣ ройгон аст.
Б.ҶУМЪАЕВ
