Бо ин мақсад масъулони садорати нақлиёти вилоят ва муассисаи давлатии «Самарқандйӯловчитранс» аз шаҳри Ченҷоуи Хитой дидан карданд.
Онҳо заводи «Yutong»-ро тамошо карда, бо ҷараёнҳои истеҳсоли автобусҳо шинос шуданд.
Дар ин корхона, ки дар масоҳати 112 гектар ҷойгир аст, 30 ҳазор нафар шаҳрванд бо кор таъмин гардидааст. «Yutong» соли 2012 вориди бозори Ӯзбекистон шуд. 100 автобуси электрикии ин корхона дар Самарқанд хидмат мекунад.
Зимни сафари корӣ масъулон бо роҳбарияти корхонаи «Yutong» мулоқот анҷом доданд.
Доир ба дар марҳилаи аввал харидани 80 электробус барои шаҳри Самарқанд ва баъдан харидани 250 автобуси дигар табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбарони заводи «Yutong» ба ҳамкорӣ доимо тайёр будани худро изҳор намуданд.
