Имрӯзҳо шаҳри Самарқанд Конференсияи 20‑умини Тарафҳои Конвенсия оид ба пешгирии савдои байналмилалии ҳайвоноти ваҳшӣ ва наботот (CITES CoP20)-ро мизбонӣ мекунад. Анҷуман аз 24‑уми ноябр то 5‑уми декабри соли 2025 идома меёбад.
Яке аз чорабиниҳои калидии анҷуман, ки 24‑уми ноябр доир гардид, мулоқоти сатҳи баланд оид ба маблағгузории ҳифзи табиат буд, ки ба пешбурди роҳҳои ҳалли инноватсионии маблағгузорӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ бахшида шуд.
Чорабиниро мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои экологӣ ва раиси Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, саркотиби Котиботи CITES Ивонн Игеро ва намояндаи доимии БРСММ дар Ӯзбекистон Акико Фуҷий ифтитоҳ бахшиданд.
— Солҳои охир Ӯзбекистон бо ташаббуси Президенти муҳтарамамон дар соҳаи экология ба ислоҳот ва дастовардҳои муҳим ноил шуд. 14 минтақаи табиии нави ҳифзшаванда таъсис ёфт. 108 намуди ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои дохили Рӯйхати CITES ҳифз карда шуданд, — қайд намуд А.Абдуҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи ҷубронпулӣ барои зарар ба ҳайвоноти дар Китоби Сурх зикршуда 10 маротиба, барои растаниҳо ва буридани ғайриқонунии дарахтон 5 маротиба зиёд карда шуд. Дар фаъолияти ин ташкилот роҳҳои ҳалли рақамӣ, аз ҷумла GIS (Системаҳои ахбории ҷуғрофӣ) ва системаи SMART-Patrol-ро ҷорӣ мегарданд.
Қайд гардид, ки Ӯзбекистон ба ниҳолхонаҳо ва марказҳои парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ сармоягузорӣ мекунад. Инчунин, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон боғҳои ҳайвонот азнавсозӣ карда шудаанд ва онҳоро аз маконҳои анъанавии намоишгоҳ ба марказҳои пурраи барқарорсозӣ табдил додаанд. Ӯзбекистон ҳамкориро бо TRAFFIC International, INTERPOL, Fauna & Flora International ва созмонҳои байналмилалӣ мустаҳкам кардааст. Бояд қайд кард, ки аввалин намояндагии Иттиҳодияи ҳифзи табиат низ имсол фаъолияти худро дар Ӯзбекистон оғоз намуд.
Ҷамъомади панелӣ Мулоқоти вазирони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Ҳалли инноватсионии минтақавӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ»-ро дар бар гирифт, ки дар он Эрлан Нисанбоев, вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон, Алмаз Мусоев, ҷонишини вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон, Чаригелди Бобанниёзов, вазири ҳифзи муҳити зисти Туркманистон ва ғайраҳо иштирок намуданд.
Чорабинии сатҳи баланд барои роҳбарони ҳайатҳо роҳҳои ҳалли инноватсионии маблағгузории ҳифзи табиат ва таҷрибаҳои муваффақи кишварҳои минтақаро муаррифӣ мекунад.
