Ovozi.uz

Фаъолияти “Мактаби маҳорат”-и журналистони ҷавон оғоз ёфт

Имрӯз дар Хонаи матбуоти вилоят чорабинии ифтитоҳи “Мактаби маҳорат”-и назди рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” баргузор гардид.

Дар он сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки “Зарафшон” ва “Саркандиский вестник” Фармон Тошев, раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ва шунавандагони мактаби маҳорати мазкур иштирок намуданд. Онҳо шунавандагони мактабро бо аввалин дарс табрик гуфта, ба хонишини онҳо муваққият талабиданд.

Аз ҷумла, Ф.Тошев аз таҷрибаи чандинсолаи журналистии худ ба ҷавонон намунаҳо баён карда, онҳоро ба хондани китобу рӯзномаҳо давъат намуд. Инчунин, таъкид кард, ки ояндаи мо дар дасти ҷавонон мебошад.

Дар идома роҷеъ ба дониш ва тафаккури ҷавонон, ки дар бораи журналистика доранд, саволу ҷавоб ва суҳбат гузаронида шуд.

— Хонаи матбуот даргоҳи муқаддас аст, — гуфт А.Ҳайдаров. — Устодони зиёд дар ин маскан фаъолият нишон додаанд. Умедворем, ки дастпарварони ин мактаб низ аз роҳи онҳо мераванд ва мисли онҳо дар соҳаи журналистика ба дараҷаи устодӣ мерасанд.

Сипас, Б.Раҳмонов дар бораи мақсади ташкили мактаби маҳорат, дастпарварони собиқи он, ки солҳои пеш дар ин мактаб асрори соҳаи журналистиро омӯхтаанд ва ҳоло дар ин соҳа фаъолият доранд, инчунин, нақшаи кории мактаб ҳарф зад.

Журналист ва нависандагони маъруф Бахтиёр Ҷума ва Тошқул Азимов низ роҷеъ ба сиру асрор, машаққату душвориҳо ва шарафу ифтихори касби рӯзноманигорӣ суханронӣ намуданд.

— Дарси аввали мактаби журналистони ҷавони назди таҳририяти «Овози Самарқанд» барои ман бо таассуротҳои бой гузашт, — шунавандаи мактаб Фарзона Тӯраҷулова. — Хусусан, дидор ва мулоқот бо устодони бузурги соҳаи журналистика барои ман хотирмон шуд. Онҳо се ҷиҳати асоситарини соҳаи журналистикаро, ки аз ҳақиқатҷӯӣ, эҷодкорӣ ва ҷасорат иборатанд, шарҳ додаанд ва аҳамияти омӯхтани забони адабиро алоҳида таъкид карданд. Мо ба хулосае омадем, ки журналист бояд дониши хуб, нутқи равон ва масъулияти баланд дошта бошад.

Дар охири чорабинӣ ба шунавандагони “Мактаби маҳорат” нишони аъзогӣ ба мактаб тақдим карда шуд.

Зафар АМОНОВ,
шунавандаи «Мактаби маҳорат»-и
назди рӯзномаи «Овози Самарқанд»