Бо сарварии Президент Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Нарпай роҷеъ ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Самарқанд ҷамъомад баргузор гардид.
Роҳбари давлатамон дар аввали суханронии худ ҳозиринро бо Иди мубораки Рамазон ва Наврӯзи олам аз таҳти дил табрик кард.
Таъкид гардид, ки дар давоми чор моҳе, ки пас аз ташрифи охирин гузашт, дар ҳаёти мамлакати мо тағйиротҳои бузург рӯй доданд.
— Мо барои зиёд кардани қувваю қудрати Ватанамон, барои беҳдошти зиндагии ҳар як оила ва ҳар як инсон марраҳои боз ҳам калонро гирифтем. Имрӯз корҳои дар минтақаҳо амалишударо дида, ба ин бори дигар бовар намудам. Дар айни ҳол ҳаминро бояд хуб дарк кунем, ки акнун ҳаракати дирӯза ба имрӯз, имрӯза бошад, талаботи рӯзи оянда камӣ мекунад. Бинобар ин, барои расидан ба марраҳои пешбинишуда бояд боз ҳам самаранок ҳаракат кунем, — гуфт роҳбари давлатамон. Қайд гардид, ки Самарқанд бояд дар масъалаҳои шуғл, камбизоатӣ, сармоягузорӣ, содирот, умуман ҳамаи соҳаҳо вилояти намунавӣ шавад.
Барои беҳдошти инфрасохтори маҳаллаҳои вилоят 100 миллион доллар, барои ноҳияи Ургут боз 50 миллион доллар пешбинӣ шуд. Умуман, ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 11 триллион сӯм равона карда мешавад. Таъкид гардид, ки ба соҳибкорон барои кредит боз 18 триллион сӯм ресурс дода мешавад ва маблағи ин миқдор аз ҷиҳати ҳаҷм аз ҳарвақта бештар аст.
Ҳамаи инҳо барои ихтисори бекорӣ ва камбизоатӣ дар ноҳияҳо, рушди иқтисодиёти вилоят бояд хизмат кунад.
Соли гузашта барои инфрасохтори зеҳни сунъӣ 100 миллион доллар, барои лоиҳаҳои стартапи соҳаи мазкур боз 100 миллион доллар дода шуд. Қайд гардид, ки ба воситаи таҳлили ин маълумоти калонҳаҷм имкониятҳои нав барои ёфтани ҳалли аз ҳама дурусти рушди минтақаҳоро ёфтан мумкин аст.
Гуфта шуд, ки ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, зарур аст, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ нишондиҳандаҳои саноат, сервис, кишоварзӣ, захираҳои заминӣ ва зеризаминӣ, ресурсҳои меҳнатӣ, таҷрибаи касбӣ ва бизнесии аҳолиро таҳлил намуда, бар асоси имкониятҳои маҳалла модели дохилии рушди ноҳияро таҳия кунем.
Бар асоси ин таҳлилҳо ҳокими ноҳия, «ҳафтгонаи маҳалла» кормандони ба маҳалла вобастаи бонкҳо ресурсҳоро ба лоиҳаҳое, ки ҷои кории аз ҳама беш ташкил мекунанд ва пардохт ба буҷетро зиёд мекунанд, бояд равона кунанд. Сохтори мазкур то 1‑уми май дар ноҳияҳои Нарпай ва Тирмиз оғоз гардида, барои тамоми ҷумҳурӣ намуна мешавад.
Дар зиммаи роҳбарияти вилоят будани вазифаҳои камаш 9 дарсад рушди иқтисодӣ, аз 144 триллион сӯм зиёд намудани маҳсулоти умумии ҳудудӣ, 3 миллиард доллар сармоягузориҳои хориҷиро ҷалб намуда, ба 1,2 миллиард доллар расондани содирот қайд гардид. Зарурияти таъмини кори доимӣ доштани 100 ҳазор нафар аҳолӣ, аз рӯйхати камбизоатон баровардани 31 ҳазор оила, ба минтақаи аз бекорӣ ва камбизоатӣ холӣ табдил додани вилоят нишон дода шуд.
Мисол, дар ноҳияи Нарпай беш аз 240 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бекорӣ 4,9 дарсад, дараҷаи камбизоатӣ 5 фоизро ташкил мекунад. Нарпай аз рӯи нишондиҳандаҳои саноатӣ дар вилоят дар ҷои 9‑ум, дар соҳаи кишоварзӣ ва сервис дар ҷои 11‑ум аст.
Барои беҳдошти ин нишондиҳандаҳо ба ноҳияи Нарпай илова ба 150 миллиард сӯми дар нақша буда, боз 100 миллиард сӯм дода мешавад. Барои бизнеси хурд ва миёна 260 миллиард сӯм пешбинӣ карданд. Таъкид гардид, ки аз қаламрави ноҳияи Нарпай гузаштани 34 километр роҳи магистралии вилоят имконияти хеле калон барои рушди савдо ва сервис аст. Вале дар шафати роҳ ғайр аз 10–15‑то шабакаҳои хурди сервисӣ ягон ҷое нест, ки одамонро ба худ ҷалб кунад.
Мисол, аз чорраҳаи Мирбозор ҳар рӯз 60 ҳазорто нақлиёт мегузарад. Вале аз сабаби танг будани роҳ дар ин ҷо то 2 километр тамбашавии нақлиёт рӯй медиҳад.
Қайд гардид, ки агарчи дар Нарпай аз чор як қисми захираҳои ашёи хоми бинокорӣ ҷойгир аст, вале ягонто корхонаи калони масолеҳи сохтмон фаъолият надорад. Ҳиссаи саноати ноҳия дар вилоят 2 дарсад аст. Ба ноҳияе, ки аз қаламрави он 36 километр роҳи оҳан мегузарад, минтақаи хурди саноатии 21 гектарӣ дорад, ин нишондиҳандаҳо зебанда нест.
Наздик ба 10 дарсади заминҳои обёришавандаи Самарқанд дар ноҳияи Нарпай воқеъ аст. Вале ноҳияи мазкур ақаллан 5 фоизи маҳсулоти кишоварзии вилоятро намедиҳад.
Ба масъулони ноҳия роҳҳои ҳалли ин ва масъалаҳои дигари муаммоӣ нишон дода шуд.
Эълон гардид, ки дар ноҳияи Нарпай дар 100 гектар замин минтақаи саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти дорои қимати баланди иловашуда тахассус дорад, ташкил карда мешавад. Дар ин ҷо соли равон роҳандозии лоиҳаҳои 300 миллион долларина оғоз меёбад.
Ба мутасаддиён супурда шуд, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ ба имконияти ҳар як маҳалла «ташхис» гузошта, нуқтаҳои «афзоиш»-ашро муайян кунанд ва ноҳияро ба минтақаи аз бекорӣ холӣ табдил дода, роҷеъ ба зиёд намудани даромад таҷрибаи Нарпайро фароҳам оранд. Инчунин, дар Нарпай мактаби қулфинайпайвариро ташкил намуда, 25 маҳаллаи ноҳия ба қулфинайпарвар ихтисосонида мешавад.
Президентамон дар бораи ноҳияи Қӯшработ алоҳида таваққуф намуд. Бо мақсади беҳдошти инфрасохтори соҳибкории ноҳия 60 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Дар 5 маҳаллаи ҳудуди «Оқтеппа» 3 ҳазор хонадон бо токпарварӣ машғул аст. Инчунин, дар ҳудуди «Оқчопсой» 700 гектар замини фонди ҷангал холӣ истодааст.
Ба роҳбарони ноҳия зарурияти истифодаи самаранок аз чунин имкониятҳо, соли равон дар 300 гектар ташкил намудани токзори «ин-витро», дар 800 гектар токзори интенсивӣ, омӯзонидани аҳолии 18 маҳалла ба токпарварӣ таъкид карда шуд.
Вақте имкониятҳои ноҳияи Каттақӯрғон баррасӣ шуданд, холӣ истодани 8 гектар замини 12 парки трактор, ки дар ҷойҳои инфрасохтордори ноҳия воқеъ мебошанд, агар стансияи насоси «Бӯстон‑1» таъмир карда шавад, дар ҳазор гектар замин беҳ шудани таъминоти об қайд гардид.
Инчунин, 3–4 моҳ боз дар ауксион будани 830 гектар замини пахта ва ғалла, ки дар захираи ҳокимият аст, зикр шуд, ба одамон бо шартҳои мусоид таклиф намудани он тавсия гардид.
Таъкид карда шуд, ки ҷамъи ҳиссаи ноҳияҳои Нарпай, Қӯшработ, Каттақӯрғон, Пахтачӣ ва шаҳри Каттақӯрғон дар саноати вилоят ҳамагӣ 10 дарсадро ташкил мекунад.
Барномаи рушди саноатро дар ин шаҳр ва ноҳияҳо таҳия намуда, барои онҳо 1 триллиону 200 миллиард ҷудо карда мешавад. 800 миллиард сӯми ин маблағ барои таъмини лоиҳаҳои саноатӣ бо инфрасохтори зарурӣ, 400 миллиард сӯми боқимонда барои беҳдошти таъминоти роҳ, об, қувваи электр, сервис ва лоиҳаҳои реноватсия сарф карда мешавад.
Дар доираи ин маблағ ба шаҳраки Ингичка саноат ва қиёфаи «Ӯзбекистони нав» медарояд. Ғайр аз ин, пул (кӯпрук)-и 60 сол пеш сохтаи канали Нарпай, ки дар маркази шаҳри Каттақӯрғон воқеъ аст, реконструксия карда мешавад.
Супориш дода шуд, ки чораҳои соли равон ба вилоят овардани 500‑то электробусро бинанд.
Умуман, вазифаи рушди саноат ва сервис, офаридани қиёфаи нави ноҳияҳои Нарпай, Пахтачӣ, Пайариқ, Қӯшработ, Иштихон, Каттақӯрғон ва шаҳри Каттақӯрғон гузошта шуд.
— Дида истодаед, ки ба туфайли нотинҷиҳои дунё канда шудани занҷирҳои логистика, баланд шудани нархи нафт ва хароҷоти нақлиёт, табиист, ки ба нархи хӯрокворӣ таъсир мекунад. Баробари ҳамин, наздик ба 100 миллион сайёҳ мамлакатҳои барои саёҳат осоишта ва бехавфро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар чунин шароит бисёр шудани хӯрокворӣ, пурра истифода бурдани имкониятҳо дар сайёҳӣ ва сервис вазифаи асосии ҳокимон бояд бошад, — гуфт Президентамон ва вазифаҳоро дар ин самт муайян кард.
250 ҳазор гектар чарогоҳи вилоят ба худи чорводорон, ки солҳои тӯлонӣ аз онҳо истифода мебаранд, бевосита ба иҷора дода шуданд.
Дар вилоят 150 нафар чорводор аз 52 ҳазор гектар замин истифода мебаранд ва садҳо соҳибкорон ҳастанд, ки хоҳиши парвариш намудани як ҳазор сари гӯсфанду бузро доранд. Бинобар ин ба боз як соли дома додани муддати бевосита ба иҷора додани чарогоҳҳо муайян гардид. Аз ин рӯ маблағе, ки аз иҷораи чарогоҳ гирифта мешавад, пурра дар худи хоҷагиҳои чарогоҳ мемонад.
Аҳолӣ одат кардааст, ки чорворо дар хона парвариш карда, фасли баҳору тобистон ба саҳро барад. Вале қайд гардид, ки чарогоҳҳо кам мешаванд.
Бинобар ин дар 4 ноҳияи вилоят ҳамагӣ дар 43 ҳазор гектар чарогоҳҳои ҷамоатӣ ташкил карда мешавад ва онҳоро ба маҳаллаҳо ба муддати 30 сол ба иҷора медиҳанд.
Супориш дода шуд, ки барои хароҷотҳои дар чарогоҳҳо кофтани чоҳ ва баровардани об, кишти тухмӣ ва аз деградатсия баровардан 50 миллиард сӯм пешбинӣ намоянд.
Барои харидани ускунаҳои лаборатория ва чорвои зотдор бо мақсади наслпарварии чорво ба муддати 10 сол кредити 12 фоиза дода мешавад.
Самарқанд аз азал яке аз минтақаҳои пешсаф дар паррандапарварӣ аст. Таъкид гардид, ки акнун корҳоро барои бунёди мактаби генетикаи парранда бояд бо суръат ба пеш бурд.
Дар ин самт дар ноҳияи Булунғур корхонаи наслпарварӣ дар самти истеҳсоли гӯшти 50 миллион долларина роҳандозӣ мешавад. Дар Қӯшработ фаъолияти корхонаи наслпарварӣ дар самти истеҳсоли тухм оғоз мегардад.
Соҳибкорони самарқандӣ барои 4–5 маротиба зиёд кардани ҳосилдорӣ дар моҳипарварии интенсивӣ қисман пардохтани хароҷоти гузоштани панел ва таъмини оби кафолатнокро пурсидаанд.
Таклифи мазкурро дастгирӣ намуда, аз 1‑уми майи соли равон барои панелҳои офтобӣ додани кредитҳои 16 фоизӣ муайян гардид. Ба онҳое, ки панелро аз маблағи худ гузоштаанд, 25 дарсади хароҷот пардохта мешавад. Соли гузашта дар ҷумҳурият барои расондани картошка дар 88 ҳазор гектар 400 миллиард сӯм дода шудааст. Вале аз сабаби дар ҷойҳо дуруст ташкил накардани корҳо дар 48 ҳазор гектар картошка накоридаанд. Танҳо 25 дарсади маблағи пешниҳод гардидаро истифода бурдаанду бас.
Соли равон дар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла дар 22 ҳазор гектар замини Самарқанд шинондани картошка ба нақша гирифта шудааст. Имсол мутасаддиёнро огоҳ карданд, ки шинондани картошка дар ҳар як ваҷаби замини дар нақша буда, шарт аст.
Аз ҷумла, аз Миср 250 ҳазор дона минитухмии картошкаро оварда, дар ноҳияи Булунғур зиёд кардани он оғоз гардид. Аз Голландия 6 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ оварда, ба фермерҳо ба нархи худаш расонда доданд. Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Оқдарё лабораторияи ин-витро, ки қувваи баровардани 10 миллион дона минитухмии картошкаро дорад, фаъолияти худро оғоз намуд. Супориш шуд, ки 40 ҳазор тонна туъмии суперэлитаи дар он ҷо тайёр кардаро ба деҳқонон бепул диҳанд.
Дар ҷамъомад Президентамон вазифаҳои соҳаи сайёҳиро низ муайян намуд.
Дар ҳолати номуайяни бозори сайёҳии байналхалқӣ барои тарғиб кардани Ӯзбекистон ба сифати самти бехавфи сайёҳӣ чорабинӣ (компания)-и калон оғоз мегардад.
Дар ин ҷараён барои даври барои сайёҳӣ аз ҳама мусоид будаи апрел-июн барномаи алоҳида тайёр карда, «Мавсими кушоди сайёҳӣ дар Ӯзбекистон» эълон карда мешавад.
Дар давоми ин муддат ба ширкатҳои авиатсионӣ, ки самтҳои нави парвозро роҳандозӣ намудаанд, барои ҳар як сайёҳи хориҷии овардаашон 100 доллари субсидия медиҳанд.
Ба чунин ширкатҳои авиатсионӣ барои хизматҳои тайёрагоҳ 20 дарсад таҳфиф дода мешавад.
Дар ҷамъомад барои туроператорони маҳаллӣ низ навгониҳо эълон гардид.
Аз ҷумла, аз 1‑уми апрел ба туроператорҳо барои 1 ҳазор сайёҳи хориҷӣ, ки дар давоми се моҳ ҷалб карда шудаанд, то 5 ҳазор доллар субсидия дода мешавад. Нисфи андози қимати иловагӣ ба сифати «кешбек» баргардонида мешавад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба 50 нафар блогерҳои хориҷие, ки беш аз 5 миллион муштарӣ доранд, барои ба Ӯзбекистон омадан турпакети бепули ҳафтрӯза тақдим мекунанд.
Хароҷоти бо тарғиботи саёҳат ба Ӯзбекистон вобаста дар платформаҳои сайёҳии дар дунё калонтарини онлайн низ пардохта мешавад.
Муҳим будани имсол дар Самарқанд гузарондани гастроли камаш 5 нафар санъаткори дар дунё маъруф, инчунин 10 бизнес форум ва фестивали мӯд таъкид гардид.
Баробари ҳамин мавҷуд будани имконияти ба хаб табдил додани Самарқанд, ки олимпиадаҳои фанҳои дақиқ ва табиӣ, форум ва конференсияҳои илмиро мегузаронад, баён карда шуд.
Мисол, ҳоло наздик ба 10 ҳазор нафар одам аз беш аз 100 давлати дунё хоҳиши иштирок дар Конгресси байналмилалии астронавтика кардаанд, ки соли 2028 дар Самарқанд баргузор мешавад. Ба мутасаддиён супурданд, ки дар ин самт бо ташкилотҳои байналхалқӣ барномаи махсус таҳия намоянд. Аз ҳисоби имкониятҳои мазкур мақсади ба Самарқанд то анҷоми сол овардани 6 миллион сайёҳ муайян гардид.
Президентамон дар анҷоми сухани худ боз як масъалаи муҳимро ёдрас кард.
Ба роҳбарияти вилоят супурда шуд, ки ба одамон барои бо кайфияти болида, дар муҳити тинҷ ва осоишта пешвоз гирифтан ва гузарондани идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз ҳама шароитҳоро фароҳам оваранд.
Президентамон тамоми аҳли Самарқанд бо идҳои муборак табрик намуда, ба ҳама сиҳату саломатӣ ва дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳо хост.
Дар ҷамъомад ҳисоботи ҳокимони вилоят ва ноҳия, инчунин мутасаддиёни дигар шунида, бо аҳли Самарқанд мулоқот карда шуд.
