Ovozi.uz

Рекламаҳо гуногунанд, вале мақсадашон яктост…

Бо қалами ҳаҷв

Одам метарсад, ки ба кӯча барояд. Гӯё дар хона, дар барномаҳои радиову телевизион, шабакаҳои интернетӣ кам аст, кӯча ҳам пур-пури эълону реклама, таблиғоту ташвиқот. Ҳазор бор набинам гӯед ҳам, чашм банохост меафтад. Афтад, хоҳ-нохоҳ ба хондан маҷбур мешавад. Илоҷи нахондан ҳам нест. Онҳо бо ҳарфҳои қади одам барин калон-¬калон навишта шудаанд. Баъзеҳояш дар чорпояҳои сари роҳ, баъзеаш дар пештоқи дару деворҳо, ҳатто як қисмашро дар болои бомҳо ҷойгир кардаанд. Шабона бо навиштаҷоти гуногуншаклу рангоранг шуморо ба даромадан, харидану хӯрдан, чашидану нӯшидану маишат кардан даъват не, балки маҷбур мекунанд. Вале на ҳама медонад, ки ҳадафи реклама — таблиғот, даъват кардани шахс ба амалҳое мебошад, ки ба таблиғгар фоида меорад.

Масалан, «Паҳлавон шашлик». Одам ҳайрон мешавад, оё сихкабоб ҳам паҳлавон мешавад? Ин хел паҳлавонҳоро одамон ба таги бинӣ зада, маҳв мекунанд-ку?

Агар Паҳлавон ном бошад, одамро воҳима зер мекунад: ин дар асри бисту як каннибализм-ку?! Оё аз гӯшти чунин ном одам сихкабоб тайёр карда мехӯранд?

Агар сихкабобпаз Паҳлавон ном дошта бошад, бояд рекламаро ислоҳ кард ва навишт: «Сихкабобпаз Паҳлавон» Ин фаҳмотар. Вале дар ҳар ҷо ин хел рекламаҳоро дида, боз сари одамӣ гиҷ мешавад: як Паҳлавони шашликпаз дар як вақт дар чандин ҷо чӣ хел ба мардум хизмат мерасонад?..

«Ака-ука самбӯса»… Худоё, самбӯсаҳо ҳам ака-ука мешаванд? Ин навиштаҷоти таблиғиро чӣ хел бояд фаҳмид: оё самбӯсаҳо калону хурданду образнок карда, «ака-ука» номгузорӣ кардаанд?! Ё мақсад аз ин реклама бародару додари самбӯсапаз аст?

Рекламаи дигар: «Шодиён манту». Боз дар зераш рақамҳои телефони хизмати бурда расониданро ҳам сабт кардаанд. «Шодиён манту» чӣ мазмун дорад? Саратонро кафонед, ки мақсади асосии ин таблиғро намефаҳмед. Агар мақсад, мантуи маҳаллаи Шодиён бошад, он дар маҳаллаи дигари шаҳр чӣ номаъқулӣ мекунад? Оё дар ин ҷо манту пухта наметавонанд ё намешавад? Наход тамоми аҳолии ин ҷо дар мантупазӣ ҳамто надоранду мардуми маҳаллаҳои дигар бедасту панҷаанд? Ин ба дигарон сахт намерасад?

Нахоҳед ҳам боз чашматон ба лавҳаи таблиғотии дигар меафтад: «Ҳалиса № 1». Хурсанд мешавед, таоми нодири миллии беҳтарини рақами 1 дар ин ҷо тайёр карда мешавад. Ин бисёр хуб аст. Вале саволи мантиқии дигаре ба миён меояд: агар дар ин ошхона, қаҳвахона ё тарабхона ҳалисаи рақами 1 пухта шавад, ҳалисаҳои рақамҳои 2 ю 3 ю 4 у 5 у … 10 умаш дар куҷо? Ҳеҷ кас маҳсулоти худро паст задан намехоҳад ва чандин таббохҳо рақами якро ба худ мувофиқу муносиб медонанд. Вале хӯрандаҳо ба таоми онҳо чӣ хел баҳо медиҳанд, инро чӣ хел бояд реклама кард?

Палав — шоҳи таомҳои мост. Ҳамчун хӯроки миллӣ низ машҳур аст. Мардум ош гӯянд, ки ҳама палавро мефаҳманд. Бинобар ҳамин, рекламаҳояш афсункунанда мебошанд: «Ситорапалав», «Оши чақар», «Суперош», «Баҳодурпалав», «Ош-ёнбош», «Деҳқонпалав», «Оши зӯр», «Оши Аброр»… Рекламаҳо зӯр, вале баъзе хӯрандаҳо баъди як бор даромадан дигар роҳи онро тамоми умр фаромӯш мекунанд. Чанд нафар меҳмонони Самарқанд навиштаҷоти «Марҳамат, ба ош!»-ро хонда, палав хӯрдаанд. Ин таблиғот маънои бепулро ҳам дорад. Вале баъди баромадан ҷанҷол кардаанд, ки мардумро фиреб надиҳанд.

Ҳама медонад, ки пирӣ даври некиву накӯкорӣ ва тоату ибодат аст. Вале чашматон ба болои тарабхонаву базмгоҳҳои зиёде меафтад, ки бо ҳарфҳои калон-¬калон навишта мондаанд: «Тарабхонаи Аслибобо», «Тӯйхонаи Баҳромбобо», «Базмгоҳи Қобилбобо», «Тарабгоҳи Солеҳбобо»… Инҳоро дида одам ба хулосае меояд, ки одам пир шавад ҳам, ҳирси пулёбиаш кам намешудааст!

Дар пештоқи дорухона: «Ҷаннат-шифо». Аз рӯи ақидаи динӣ дар ҷаннат беморон намешаванд. Бемор набошад, шифо бахшидан чӣ лозим? Боз доруфурӯшон гапро як кардаанд, ки ҳама чунин лавҳа часпондаанд: «Арзон». Чӣ арзон, худи бинои «Дорухона» ва ё доруҳои он? Агар арзон бошад, кадом навъҳои доруву дармонҳо? Доруҳои арзон барои киҳо ё ин як доме, ки мудирони дорухонаҳо бой шаванд?!

Ҳатто носфурӯшҳо ба таблиғи молҳояшон шуруъ кардаанд: «Таги воиш». Рақами телефон… Боз илова ҳам кардаанд: «Оргинал».

Э, аз тадбиркорони содамуғамбиронат гардам, Худоё!.

Б.ҶУМЪАЕВ