Дар вилояти Самарқанд корҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тозакунии санитарӣ ва фарогирии аҳолӣ мунтазам идома доранд.
Бо ин мақсад, аз ҳисоби маблағҳои Бонки Рушди Осиё 10 то техникаи махсуси замонавии электронии партовкашонӣ харидорӣ шуда, барои истифода дар асоси лизинг ба Корхонаи давлатии Мароқанд Обод дода шуданд.
5-тои онҳо техникаи махсуси модели XINYUZHOU бо иқтидори 8 метри мукааб ва 5-тои дигар техникаи махсуси модели SAGMOTO бо иқтидори 12 метри мукааб мебошанд.
Дар маросими супоридани техникаҳои махсус ҷонишини ҳокими вилоят Наврӯз Раҳмонов иштирок кард
Қайд кардан зарур аст, ки корҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт. Дар давоми соли равон, дар назар аст, ки аз маблағҳои ғайрибуҷавии Агентӣ боз 10 то чунин таҷҳизоти махсус оварда мешаванд.
