Луқма
Ҳар рӯз аз кӯчаҳои шаҳр одамони бисёр ба ҷойи кор, ба донишгоҳ, мактаб ва ҷои дигар мешитобанд. Аз ин рӯ, ҳолати роҳ ва роҳравҳои шаҳр аҳаммияти муҳим дорад. Вале баъзе роҳу роҳравҳои шаҳр ба талаби пиёдагардон ҷавобгӯ нестанд.
Дар онҳо сангфарш (брусчатка)-ҳо шикаставу вайрон шудаанд. Илова бар ин, рӯзҳои боронӣ дар ҷойҳои фурӯрафтаи роҳ ва байни сангфаршҳои шикаста ё беҷошуда об ҷамъ мешавад. Роҳгузарҳо надониста қадам монанд, об пош хӯрда, пойафзол ва либосашон тар мешавад. Аз ин сабаб, аксарият ҳангоми гузаштан аз чунин ҷой маҷбур мешаванд роҳи дигарро интихоб кунанд.
Ин гуна ҳолатҳоро дар чанд ҷойи шаҳр дидан мумкин аст. Масалан, дар майдони Кӯксарой баъзе қисмҳои роҳ батамом таъмирталаб шудаанд. Ҳамчунин, дар роҳҳои пиёдагардони назди факултаҳои забонҳои русиву англисӣ ва роҳи назди хобгоҳи сеюми Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ чунин муаммо дида мешавад.
Ҳолати роҳҳои пиёдагарди Хиёбони донишгоҳ чандон хуб нест. Дар атрофи мақбараи Амир Темур ҳам баъзе қисмҳои роҳравҳо вайрон шудаанд. Азбаски ин ҷо яке аз масканҳои таърихӣ ва маъруфи шаҳри Самарқанд ба ҳисоб меравад ва меҳмонони зиёд ба ин ҷо меоянд, хуб мешуд, ки шахсони масъул ба ободии роҳраву ҳолати роҳҳои атрофи он диққати бештар диҳанд.
Ҳолати набудан, шикастан ё беҷо шудани сангфаршҳоро дар кӯчаи Рӯдакӣ ва назди чорраҳаи асосии кӯчаи Даҳбед низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳамчунин, зинапояҳои кӯпруки назди бозори Сиёб вайрон гардидаанд.
Ҳар рӯз меҳмонон ва сайёҳони зиёд аз ин зинаҳо истифода мебаранд. Хусусан, дар атрофи бозори Сиёб, Майдони Регистон ва мадрасаи «Бибихонум», мақбараи Ислом Каримову маҷмааи Шоҳи Зинда пиёда мегарданд.
Масъалаи ҳолати сангфаршҳои роҳҳо шояд барои баъзеҳо он қадар муҳим набошад, аммо одамоне, ки ҳар рӯз аз ин роҳҳо мегузаранд, ба он бефарқ нестанд. Умедворем, ки ба муаммоҳои зикргардида масъулони дахлдор дар рӯзҳои наздик муносибат баён мекунанд.
Зафар АМОНОВ
