Сарвари давлатамон дар маросими тантанавии ба 35‑солагии Истиқлоли Ватанамон бахшида солҳои 2026–2036‑ро барои кишварамон давраи эҳёи миллӣ эълон намуд.
Президентамон изҳор дошт, ки дар даҳсолаи нав татбиқи ҳафт барномаи афзалиятноки миллӣ амалӣ карда мешавад. Онҳо соҳаҳои маориф ва таълими касбӣ, тандурустӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи захираҳои об ва муҳити зист, волоияти қонун, рушди низоми маҳалла ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаро фаро мегиранд.
Истиқлоли миллӣ арзиши бузургест, ки хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ ва эътимоди халқи моро ба ояндаи бузург таҳким бахшида, барои рушди кишварамон имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Бузургии халқ, пеш аз ҳама, бо таърих, иқтидори маънавӣ, тафаккури илмӣ ва масъулияти он дар назди наслҳои оянда муайян мегардад.
Халқи мо, ки бо мероси ғании таърихӣ, маънавиёти баланд ва анъанаҳои созандагии худ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, бо чунин мероси бебаҳо ифтихор намуда, онро гиромӣ медорад.
Роҳи имрӯзаи рушди халқи мо, ки дорои анъанаҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, фарҳанги қадимаи шаҳрсозӣ ва мероси ғании маънавӣ мебошад, низ ба ҳамин заминаи таърихӣ такя мекунад. Истиқлолият бошад, ба мо имкон дод, ки ин мероси бузургро амиқтар дарк намоем, арзишҳои миллии худро эҳё кунем, сарвати илмию маънавии аз ниёгони бузургамон боқимондаро ҳифз намуда, ба наслҳои наврас расонем.
Тавре роҳбари давлатамон таъкид намуд, Ватани ҷоноҷони мо аз қадимулайём сарзамини мутафаккирони бузург, авлиёи гиромӣ ва алломаҳои бузург будааст. Мо бо нишони эҳтиром ба ин мероси бебаҳо марказҳои нодири илмию маърифатӣ чун Маркази тамаддуни исломӣ, маҷмааҳои ёдгории Имом Бухорӣ ва Бурҳониддин Марғинониро бунёд кардем.
Ин маконҳои бошукӯҳ ва муқаддас имрӯз на танҳо дар кишвари мо ва ҷаҳони ислом, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди эътирофи шоиста қарор гирифтаанд.
Мо чунин корҳои созандагиро бо суръати баланд идома хоҳем дод.
Зеро мо ба гузаштаи худ на танҳо бо ифтихор, балки бо ҳисси баланди масъулият низ менигарем. Чунки сазовори мероси таърихӣ будан танҳо бо гиромидошти номи ниёгон маҳдуд намешавад. Ин, пеш аз ҳама маънои дар ҳаёти имрӯзаи мо идома додани фазилатҳои онҳо, аз қабили талош барои илм, садоқат ба адолат, созандагӣ ва маърифатпарвариро дорад.
Гузаштаи Самарқандро аз таърихи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ ва фарҳанги халқи мо ҷудо тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ин сарзамин аз қадимулайём макони рушди илму фан, тиҷорат, ҳунармандӣ ва фарҳанг буда, дар он халқҳо ва тамаддунҳои гуногун бо ҳам робита ва муошират доштаанд.
Хусусан, дар давраи Соҳибқирон Амир Темур шуҳрати ҷаҳонии Самарқанд афзуда, он ба маънои ҳақиқӣ ба сайқали рӯйи замин табдил ёфт. Шаҳр дар баробари пойтахти давлати пуриқтидори ҷаҳонгири бузург будан, ҳамзамон вазифаи маркази илму фан, фарҳанг, ҳунармандӣ ва тиҷоратро низ иҷро мекард. Баъдан, дар давраи Темуриён ин анъанаҳо идома ёфтанд. Аз ҷумла, мактаби илмии вобаста ба номи Мирзо Улуғбек дар рушди астрономия ва математикаи ҷаҳонӣ осори фаромӯшнопазир гузошт. Расадхонае, ки ӯ дар Самарқанд бунёд кардааст, мушоҳидаҳои астрономии анҷомдода ва асарҳои офаридаи ӯ имрӯз низ ҳамчун намунаи олии тафаккури башарӣ қадр карда мешаванд.
Зиндагии алломаҳо, мутафаккирон ва арбобони давлатӣ, ки аз сарзамини Самарқанд бархостаанд, як ҳақиқатро ба мо ёдрас менамояд: танҳо ҷомеае, ки ба илму маърифат такя мекунад, метавонад ба рушди дарозмуддат ноил гардад. Аз ин ҷиҳат, омӯзиши мероси ниёгони бузургамон на танҳо ёдоварӣ аз гузашта, балки таҳкими асосҳои маънавии ислоҳоти имрӯзаи мо низ мебошад.
Нуфузи байналмилалии Самарқанд низ бо таърихи ғанӣ, ёдгориҳои нодири меъморӣ ва муҳити илмию фарҳангии дар тӯли асрҳо ташаккулёфтаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳифзи ин мерос, ба ҷаҳониён таври васеъ муаррифӣ намудани он ва ба наслҳои оянда дар шакли асл расонидан вазифаи муқаддаси ҳамаи мост.
МЕРОСИ БУЗУРГ — ТАКЯГОҲИ МАЪНАВӢ БАРОИ РУШДИ ИМРӮЗА
Дар самти таблиғи васеи таърихи чандинҳазорсола, фарҳанг ва саҳми бузурги халқамон дар Эҳёи аввал ва дуюм ва идома додани ин анъанаҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ карда мешаванд. Вақте сухан дар ин бора меравад, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки бо ташаббуси Президенти муҳтарамамон чунин лоиҳаҳои бузург, аз қабили Маркази тамаддуни исломӣ, маҷмааҳои ёдгории Имом Бухорӣ, Имом Мотуридӣ ва Бурҳониддин Марғинонӣ амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар самти омӯзиш ва таблиғи васеи мероси муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ, инчунин аз нав бунёд намудани маконе, ки ниёгони бузургамон дар он ором гирифтаанд, мутаносиб ба нуфуз ва мақоми ин зот дар ҷаҳони ислом, воқеан корҳои дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ анҷом дода шуданд.
Бо таваҷҷуҳи махсуси роҳбари давлатамон нахуст дар ин ҷо Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Мактаби илми ҳадис таъсис дода шуданд. Омӯзиши амиқи мероси маънавии султони муҳаддисон оғоз гардид.
Сипас, ҳудуди маҷмааро васеъ ва бо дарназардошти фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои зиёраткунандагон, аз нав бунёд карданд. Аз таҳияи лоиҳаи иншоот то корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ ҳама таҳти таваҷҷуҳи доимии Президентамон қарор доштанд.
Дар ҳайати маҷмаа таъсис ёфтани осорхонае, ки дар он технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ истифода шудаанд, барои муаррифии ҳаёт ва мероси илмии Имом Бухорӣ, саҳми ӯ дар рушди маърифати исломӣ хизмат мекунад.
Дар айни замон чунин корҳои созандагӣ дар зиёратгоҳи Имом Мотуридӣ дар шаҳри Самарқанд низ идома доранд. Ин маҷмааи ёдгорӣ низ бо ташаббуси Президенти муҳтарамамон аз нав обод гардида, барои зиёраткунандагон шароити хуби зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Дар мақбараи Имом Мотуридӣ корҳои бозсозиро анҷом дода, масҷид ва осорхонаи нав бунёд карданд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ин раванд дар ҳудуди мазкур макони дафн шудани Бурҳониддин Марғинонӣ муайян гардида, ба шарафи ин алломаи бузург мақбара сохта шуд.
Рӯзи 18‑уми октябр роҳбари давлат ҳангоми шиносоӣ бо корҳои созандагии ин ҷо, махсус таъкид намуданд: «Обод намудани чунин қадамҷоҳои бузург дар заминаи маънавиёт, маърифат, таълим ва илми бузург қарор дорад. Мардум ба ин ҷо омада, на танҳо зиёрат кунанд, балки дониш андӯзанд ва худшинос гарданд».
Чунин корҳои созандагии бошукӯҳ на танҳо иқтидори давлати мо, балки сатҳи баланди иқтидори динию маърифатии халқамонро низ нишон доданд. Зеро аҳамияти чунин маконҳо танҳо бо зебоии меъморӣ ё иқтидори сайёҳии онҳо чен карда намешаванд. Вазифаи муҳимтарин таблиғи илму маърифат, ҳифзи арзишҳои маънавӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи некӣ ва таҳаммулпазирӣ, инчунин бо таҳқиқоти муосир ғанӣ гардонидани мероси ниёгони мо мебошад.
ПОЙДЕВОРИ ЭҲЁИ СЕЮМ — НАСЛИ БОИЛМ ВА ТАШАББУСКОР
Имрӯз яке аз вазифаҳои муҳимтарини дар назди кишвари мо қарордошта бо донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва малакаҳои тафаккури инноватсионӣ мусаллаҳ намудани ҷавонон мебошад. Зеро дар асоси ҳар гуна рушди бузург сармояи инсонӣ, таълими босифат ва муҳити озоди эҷодӣ қарор дорад.
Ҳар як ҷавоне, ки дар сарзамини Самарқанд ба камол мерасад, бояд дар баробари донистани таърихи худ ва ифтихор доштан аз ниёгони бузург, касбу ҳунарҳои муосирро аз худ намуда, навовару рақобатпазир бошад.
Бо ин мақсад, барои амалӣ намудани истеъдоди ҷавононамон ва дастгирии ташаббусҳои онҳо дар соҳаҳои илму фан, соҳибкорӣ, санъат ва варзиш тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоем. Дар айни замон, дар вилояти мо беш аз 15 муассисаи таҳсилоти олӣ, Мактаби президентӣ ва дар ҳар як ноҳияву шаҳр муассисаҳои таълимии махсусгардонида, беш аз 50 мактаби хусусӣ ва марказҳои бонуфузи таълимӣ фаъолият мекунанд.
Теъдоди мактабҳои муосири IT ва офисҳои лоиҳаҳои стартап рӯз ба рӯз меафзояд. Танҳо соли равон дар шаҳри Самарқанд дар масоҳати 5,4 гектар парки эҷодии ҷавонон таъсис додан два дар он марказҳои таълимии IT, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, робототехника ва маҳфилҳои варзишӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Моҳият ва мазмуни ғояи Эҳёи сеюм, ки имрӯз барои расидан ба он талош дорем, низ дар асл ҳамин аст — идомаи шоистаи мактабҳои илмӣ ва маънавии офаридаи ниёгони бузургамон, тавассути кашфиётҳои нав, донишҳои муосир ва иқтидори баланди зеҳнӣ хизмат кардан ба рушди кишварамон.
Дар ин самт ҳамкории оила, маҳалла, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва идораҳои давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад. Зеро тарбияи насли бомаърифат на танҳо вазифаи як муассисаи таълимӣ, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.
МАСЪУЛИЯТИ ТАЪРИХӢ ВА ВАЗИФА ДАР НАЗДИ ОЯНДА
Таърихи бузурги Самарқанд ба мо ифтихори беандоза мебахшад. Аммо ин ифтихор бояд бо корҳои амалӣ, натиҷаҳои мушаххас ва ташаббусҳое, ки ба некӯаҳволии мардум хизмат мекунанд, таҳким ёбад.
Дар вилояти мо баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тандурустӣ, навсозии инфрасохтори шаҳр ва деҳот, таъмини устувории экологӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини имрӯзаи мо ба ҳисоб мераванд.
Дар ин ҷараён истифодаи самараноки имкониятҳои хоси ҳар як минтақа, ҳалли мақсадноки мушкилоти маҳаллаҳо, муколамаи ошкоро бо аҳолӣ ва таъмини натиҷабахшии корҳои амалишаванда аҳаммияти муҳим дорад. Зеро меъёри воқеии рушд, пеш аз ҳама, бо тағйироти мусбат дар ҳаёти одамон, эътимоди онҳо ба фардои нек ва то чӣ андоза истифода бурда тавонистани имкониятҳои фароҳамоварда муайян мегардад.
Дар натиҷаи чунин муносибат дар нимсолаи аввали сол маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят 59,1 триллион сӯмро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 дарсад афзоиш ёфт. Даромади буҷети маҳаллӣ низ пайваста афзуда, аз ҷумла, дар ҷамъбасти нуҳ моҳ аз 6 триллиону 80 миллиард сӯм гузашт. Дар ихтиёри ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳияҳо (шаҳрҳо) қариб 743 миллиард сӯм маблағҳои иловагӣ ташаккул дода шуданд.
Ин маблағҳо тавассути беҳтар намудани инфрасохтори минтақаҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона карда мешаванд.
Дар натиҷаи истифодаи самараноки мероси ғании таърихию фарҳангии Самарқанд, имкониятҳои сайёҳии зиёратӣ ва гастрономӣ дар нимсолаи аввал ба вилоятамон беш аз 3,4 миллион сайёҳи хориҷӣ ва 4,7 миллион сайёҳи маҳаллӣ ташриф оварданд. Интизор меравад, ки дар ҷамъбасти сол шумораи сайёҳони хориҷӣ аз 6 миллион нафар зиёд шавад.
Натиҷаи ниҳоии корҳои амалишавандаи мо аз таъмини аҳолӣ бо шуғли даромаднок ва ба минтақаи аз бекорӣ ва камбизоатӣ озод табдил додани он иборат аст.
Мо соли равон ба нақша гирифтаем, ки дар миқёси вилоят тавассути таъмин намудани 618 ҳазор нафар аҳолӣ бо шуғли даромаднок сатҳи бекориро аз 4,7 дарсади аввали сол то ба 4,2 дарсад коҳиш диҳем. Ҳамчунин, мақсад гузоштаем, ки 470 маҳалла ва 6 минтақаро ба «минтақаҳои аз бекорӣ ва камбизоатӣ озод» табдил диҳем.
Дар айни замон, дар соҳили дарёи Қародарё сохтмони шаҳраки «Ширин», ки қарор аст ба маркази нави маъмурии вилояти Самарқанд табдил ёбад, оғоз гардид. Дар шаҳраке, ки барои 150 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст, хонаҳои истиқоматӣ, иншооти хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳанг ва варзиш ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар асоси технологияҳои зеҳнӣ бунёд карда мешаванд. Ҳамчунин, дар ҳудуди паси роҳи оҳани шаҳри Самарқанд тибқи барномаи реноватсия сохтмони маҷмааи нави истиқоматӣ барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ бо суръати баланд идома дорад.
Мо бояд дар баробари ҳифз намудани мероси ғании аз ниёгонамон боқимонда, кӯшиш намоем, ки ба наслҳои оянда Ватани боз ҳам ободу осуда ва дорои имкониятҳои фаровонро ба мерос гузорем. Барои ин ҳар яки мо бояд ба кори худ бо масъулият муносибат намуда, дониш ва таҷрибаи худро барои ободии Ватан сафарбар созем.
Боварии комил дорам, ки иқтидори ғании таърихии Самарқанд, мардуми меҳнатдӯст, ҷавонони боистеъдод ва анъанаҳои созандагии он дар марҳалаи нави рушди вилояти мо ҳамчун такягоҳи устувор хизмат хоҳанд кард.
Адиз БОБОЕВ,
ҳокими вилояти Самарқанд, узви Сенати Олий Маҷлис
